6 Май 2020 - 13:30
Интисоби сарвари нави беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе

Шаҳрдори Душанбе сарвари нави беморхонаи “Истиқлол”-ро таъин кард.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Рустами Эмомалӣ,  Рустам Хуршедзодаро ба унвони сарвари “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”-и шаҳри Душанбе таъин кард.

Хуршедзода пеш аз ин роҳбари “Маркази тиббии шаҳрии №1-и Душанбе буд.

Ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода, муовини собиқи сарвари Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба унвони  сарвари Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1-и Душанбе таъин шуд.

342/